МЕРОСИ ҶОВИДОНАИ ИБНИ СИНО БАРОИ БАШАРИЯТ

2

Халқи тоҷик бо нобиғагони барҷастаи худ дар инкишофу шаклгирии тамаддуну маърифати ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштаанд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” чунин таъкид кардаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша ва дар ҳама давру замон боиси ситойиш ва қадрдонӣ мебошад”.

Яке аз чунин шахсиятҳои маъруф, ки ба рушди тамаддуни инсонӣ дар ҷаҳон сабаб гардида, номи худро дар саҳфаи таърихи олам бар ҷой гузоштааст, ҳаким, олим, табиби ҳозиқ, файласуф Абуалӣ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Сино мебошад. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, “Тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тули ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд”.

Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати арзанда кардааст. Хидмати эшон ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзуи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тибби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеҷ равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили реҷаи хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли дору ва қоидаи истифодаи он дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум буд. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: «Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст». Ин фарзия худ далели гароиши ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.

Буалӣ Сино, ки дар кишварҳои Ғарб бо номи “Авитсена” машҳур аст, дар давоми умри 57-солааш аз худ осори азиме (зиёда аз 450 асари илмӣ, фалсафӣ ва адабӣ) боқӣ гузошт. Яке аз чунин асарҳои арзишманди ин ҳакими машриқзамин “Ал-Қонун фи-т-тиб” мебошад. Ин асари ӯ яке аз асарҳои муҳиммтарин, муфассалтарин, машҳуртарин ва аз ҷумла барҷастатарин китобҳои соҳаи тибби Шарқ ва Ғарб ба ҳисоб меравад. “Ал-Қонун фи-т-тиб” аз замоне, ки таълиф шуда то наздик ба ҳашт қарн дар Аврупо ва имрӯз дар кулли дунё мавриди истифодаи олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст.

«Ал- Қонун»- и Ибни Сино- чун энсиклапедияи роҳнамост, ки панҷ ҷилдро дар бар мегирад. Ҷилди аввал- дар бораи вазоиф ва равишҳои пизишкӣ, сабабҳои беморӣ, анатомияи инсон аст, бахшҳои он, ки ба беҳдошт ва дармон марбут аст, асос барои гигиена ё беҳдошт шуданд. Ҷилди дуввум ба илми дорушиносӣ ва ё фармокология мансуб буда, номгӯи беш аз 800 доруро дар бар мегирад. Дар он ҳамзамон тарзи омода намудани дору, таъсир ва шакли истифодаи онҳо низ шарҳ дода шудааст. Ҷилди саввум дар бораи бемории тамоми узвҳо маълумот медиҳад (аз ҷумла осебпазирии мӯй ва нохун). Ҷилди чаҳорум ба бемориҳои характери травмавӣ дошта, заҳролудшавӣ ва вогиршиносӣ бахшида шудааст. Ҷилди панҷум – оид ба фармакология бо таҷзия ва таҳлили маҳсулоти мураккаб аст.

Ба назари муҳаққиқон Абуалӣ ибни Сино дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” ба равиши илмӣ такя кардааст. Тибқи навиштаи Ҷузҷонӣ Ибни Сино бахши аввали асари мазкурро тақрибан дар синни 35-солагӣ дар Гургон таълиф намудааст. Ба навиштаҳои ин шогирди ҳаким дар бораи замон ва макони комил шудани асар Ҳамадон зикр шудааст. Яъне “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар Ҳамадон ба анҷом расидааст. Аз навиштаи худи Ибни Сино дар “Аш-шифо” маълум мешавад, ки вай “Ал-Қонун фи-т-тиб”-ро пеш аз «Аш-шифо» навиштааст.

Ҷорҷ Сартен – муҳаққиқи аврупоӣ дар бораи “Ал-Қонун фи-т-тиб”, аҳаммият ва мавқеи он дар илм сухан ронда, ҷойгоҳи онро дар рушд ва тасеаи илми тиб ва табобат болотарин ва арзишмандтарин ҷойгоҳ қаламдод мекунад.

“Ал-Қонун фи-т-тиб” тавассути шогирдони Ибни Сино ба тамоми марказҳои илмии ҷаҳон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳ ёфта, ба китоби дарсӣ мубаддал мешавад, ки дар партави он донишмандони зиёде дар ҷаҳон тарбия меёбанд.

Дар «Ал-Қонун» мушоҳидаҳои Авитсенна оид ба ҳайвоноти хурду ноаён чун сарчашмаи пайдоиш ва паҳнкунандаи ҳамагуна бемориҳо, шарҳ дода шудааст. Пешгӯйиҳои ин табиби бузург баъдан дар таҳқиқоти донишмандони муосир собит гардиданд, ки баъзе ҳайвоноту ҳашарот то чӣ ҳад паҳнкунандаи микробу вирусҳо ҳастанд. Ва ба шарофати охирин кашфиёт, бо истифода аз микроскоп ва ё заррабин маълум гардидааст, ки бархеи онҳо воқеан шабеҳи ҳашарот ҳастанд.

«Баъзе бемориҳо хеле пинҳону ба чашм ноаён ҳастанд, ман онҳоро танҳо аз рӯи тағйири набз муайян мекунам. Моҳияти набз шабеҳ ба моҳияти мусиқӣ аст. Аз рӯи вайрон шудани ҳолати гармонии набз метавон бемории махфишударо пайдо кард»- навиштааст Ибни Сино.

Абуалӣ ибни Сино дар китоби худ “Ал-Қонун фи-т-тиб” оид ба инкишофи бемориҳо андеша ронда, ба нақши системаи асаб ишора менамояд ва онро дар алоқаи мутақобила бо муҳити атроф мебинад.

Пешниҳодҳои табиби бузург оид ба тарбия, инкишоф ва муолиҷаи кӯдакон ба муаррихони тиб имкон додааст, ки ӯро яке аз асосгузорони педиатрия ҳисобанд. Дар “Ал-Қонун фи-т-тиб” гуфта мешавад, ки барои доно, ҷасур, ҳалим ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим инкишоф ёфтани кӯдак бояд ӯ тарбияи ҳаматарафа гирад.

Аз ин рӯ, бояд хулоса намуд, ки “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар илми дунё ҷойгоҳи барҷаста дорад ва усулҳои табобатие, ки дар он оварда шудаанд, хосатан усули рӯҳ-ҷисм-дармон имрӯз ҳамчун усули беҳтарини табобатии дунё шинохта гардидааст.

Юсуфзода А.Ҷ., дотсенти кафедраи химияи фарматсевтӣва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ