МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ

195

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар замони имрӯз, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, дилхоҳ давлат танҳо бо такя намудан ба илму маориф, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли ҷавон ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисоси ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ метавонад ба пешравиҳои назаррас ноил гашта, баҳри шаҳрвандони хеш шароити мусоиди кору зиндагиро фароҳам оварад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 90-уми асри гузашта пас аз барҳам хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, давоми беш аз 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардид.

Аз ин ҷост, ки пуштибонии амиқ нисбат ба соҳаи маориф дар ҳамаи мулоқоту суханронӣ ва вохуриҳои Сарвари давлат бо аҳли илму зиё ва маорифчиёни кишвар бо чунин мазмун иброз мегардад: “Ман дар сиёсатии иҷтимоии худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам».

Бо мақсади таҳлил ва баррасии ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар санаи 30-юми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқоти муҳиму созанда ва саривақтӣ анҷом доданд.

Мусаллам аст, ки ҳар мулоқоту вохурӣ ва суҳбати озоду ошкорои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони касбу кори гуногуни кишвар ба рушди ин ё он соҳаи муҳими ҷомеа ҳатман такони ҷиддӣ мебахшад.

Мулоқоти навбатии Роҳбари давлат бо аҳли илм ва маорифи кишвар идомаи мантиқии таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ва аз дастгириҳои доимии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба бахшҳои ҳаётан муҳим-илму маориф ба шумор меравад.

Воқеан ҳам илму маориф пояҳои асосӣ ва устувори рушди ҷомеа ба шумор рафта, бидуни онҳо ҳеҷ як давлату миллат наметавонад рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.

Бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти комили миллӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи илму маориф тадбирҳои муассирро рӯйи кор гирифт, ки муқоисаи факту далелҳо ин гуфтаҳоро тасдиқ менамояд.

Вобаста ба ин, дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”.

Дар ин ҷо месазад ёдовар шавем, ки маҳз дар натиҷаи сол то сол зиёд гардидани маблағгузории давлатӣ ба ин соҳа имконият фароҳам омад, то дар дурдасттарин деҳаҳои мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шаванд.

Махсусан, агар чандин сол қабл дар минтақаҳои дурдасти кишвар барои толибилмони чанд деҳа ҳамагӣ як муассисаи таълимӣ мавҷуд буд, хушбахтона имрӯзҳо ҳар як рустои мамлакат дорои муассисаҳои таълимии миёнаи умумии хуштарҳу замонавист, ки наврасону ҷавонон дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Маҳз истиқлолу озодӣ ва ваҳдату ягонагӣ, сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маорифи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оварданд.

Рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ва фаромушнашаванда ин аст, ки дар тамоми сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатман дар ифтитоҳи иншооти таълимӣ иштирок намуда, бо кормандони соҳаи маориф суҳбати озоду самимӣ доир менамоянд ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия хосатан ба омӯзгорони ҷавон тавсия ва маслиҳатҳои падарона медиҳанд.

Албатта, маҳз ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат боис бар он мегардад, ки омӯзгорони ҷавон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ватандорӣ аз пештара бештар дар таълиму тарбияи насли наврас камари ҳиммат банданд.

Вобаста ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф зимни мулоқот гуфта шуд, ки дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карда шуданд.

Яъне, агар то замони истиқлол дар мамлакат ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт, ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст.

Мусаллам аст, ки мутахассисони баландихтисоси дилхоҳ соҳа маҳз дар муассисаҳои олии таълимӣ омода карда мешаванд ва тавре аз рақамҳои дар боло зикршуда бармеояд, дар ин ҷода низ хушбахтона солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои муассир амалӣ карда шудаанд.

Баҳри ҳавасмандгаронии донишҷӯён намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ дар кишвар мавҷуд мебошанд, ки тадбирҳои мазкур далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.

Аммо, новобаста ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва илмомӯзӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои нави ҳавасмандгардонӣ ва пайваста андешидани дигар тадбирҳои муҳиму муассир иқрор бояд шуд, ки ҳанӯз ҳам дар ин ҷода мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд, аз ҷумла сатҳи дониши тахассусӣ, истифодаи илму технологияи нав ва дараҷаи забондонии бархе мутахассисони ҷавон пас аз хатми муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба талаботи бозори меҳнати замон ҷавобгӯ нест.

Дар идомаи суханронии хеш дар ҳузури аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи пасти ҷараёни корҳои илмӣ, дар амал ҷорӣ нагаштани маҳсули илмии олимони кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами ин бахш изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест.

-Аз ин лиҳоз, таъкид менамоям, ки зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст,-иброз доштанд Сарвари давлат.

Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кунунии илми кишварро дар тамоми самтҳо амиқан таҳлилу баррасӣ намуда, бо зикри факту рақамҳо мушкилоту камбудиҳо ва норасогиҳои ҷойдоштаи соҳаро баён доштанд.

Дар ин замина, иттилоъ дода шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, танҳо дар даҳ соли охир ба муассисаҳои илмии кишвар барои амалисозии 3354 лоиҳаи фармоишии илмиву таҳқиқотӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Масъалаи мубрами дигаре, ки дар ин мулоқот мавриди таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт, ин дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ба шумор меравад.

Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли илму маориф ва олимону зиёиёни кишвар масъалаи доғеро матраҳ намуданд, ки мутаассифона имрӯзҳо монеаи кору фаъолият ва муваффақиятҳои олимони ҷавон гардида истодааст.

Дар ҳоле, ки ҷавонон насли ояндасози миллат ҳастанд, ингуна муносибати як идда олимону донишмандони калонсол яқинан ба фардои дурахшони давлату миллати мо таъсири манфии хешро хоҳад расонид, зеро бо чунин муносибати дилсардкунанда завқу шавқи анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар қалби ҷавонон хеле барвақт мемирад.

Тавре Роҳбари давлат иброз доштанд: “Расми дунё ҳамин аст, ки ҳеҷ кас дар зиндагӣ ва мансаб абадӣ нест ва касе ҳатман ҷойгузини каси дигар мешавад, аз ҷумла шогирд ба ҷойи устод”.

Зикр намудани ин мавзӯи доғ дарди дили садҳо олими ҷавони мамлакат буд, ки пас аз нашру пахши суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар тариқи ВАО, онҳо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои расидагӣ ба ин масъалаи муҳим ба Роҳбари давлат изҳори сипосу миннатдории амиқи хешро баён доштанд.

Аз ин ҷост, ки чандин олими ҷавони мамлакат бо дарду ҳасрат саргузашти хешро доир ба муносибати чунин олимону донишмандони калонсол нисбат ба дастгирӣ наёфтан дар ҷодаи илму таҳқиқот дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуданд.

Бори дигар собит шуд, ки айни ҳол дар воқеъ як омили ҳарчӣ зудтар ба анҷом нарасидани рисолаҳои илмӣ аз ҷониби олимони ҷавон-ин дастгирӣ наёфтани эшон аз тарафи олимони калонсол ва ҳатто роҳбарони кори илмиашон ба шумор меравад. Дар ин ҷода, Президенти кишвар бо факту далел қайд карданд, ки мутаассифона, чандин нафар масъулону олимон роҳбарии илмии якчанд олими ҷавонро бар уҳда мегиранд, вале бо гузашти солҳо ҳеҷ кадоме аз онҳо наметавонанд рисолаҳои илмии хешро ҳимоя намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯз ҳамзамон ба масъалаҳои таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъиву иттиҳоди мардуми сарбаланди Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, аз олимону зиёиёни кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар ин ҷода ҳарчи бештар фаъол бошанд. Роҳбари давлат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки имрӯзҳо бархе олимону зиёиёни кишвар дар масъалаҳои ҳифзи манофеи миллӣ худро бетараф мегиранд, ки ин албатта, оқибати хуб надорад. Чунки маҳз ҳамин гуна бетараф будани олимону зиёиён ва фаъолони ҷомеа аз тақдири ояндаи давлату миллати худ солҳои 90-уми асри гузашта кишвари моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Бинобар ин, Президенти кишвар ба олимону зиёиён ва кулли шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда, таъкид доштанд: “Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем”.

Воқеан ҳам имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони биҳиштосо масъул ва вазифадор аст, ки ба қадри ин сулҳу оромӣ ва ваҳдату осоиштагии Ватани азизамон бирасад.

Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни баромадҳояшон зикр мекунанд, ин Ватанро мо якҷоя месозем, обод мекунем, бунёд мекунем. Каси дигар ба ҷои мо Ватани моро обод намекунад. Ҳамин Тоҷикистон Ватани мо, модари азизи мост. Моро дар ҳеҷ як гӯшаву канори олам, дар ҳеҷ давлати дигар мунтазир нестанд.

Дар маҷмӯъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли илм ва маорифи кишвар метавон таконбахши рушду пешрафти илму маорифи мамлакат арзёбӣ намуд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки аҳли илму маориф ва зиёиёну равшанфикрони кишвар дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри рафъи мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта чораҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ менамоянд.

Дар ин замина, роҳбарият ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аллакай дастуру супоришҳои Президенти кишварро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки сифати таълиму тарбия ва сатҳи омодасозии мутахассисони баландихтисосро боз ҳам баланд бардошта, бо ин роҳ саҳмашонро дар рушду пешрафт ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон гузоранд.

Муҳаббат Зарипова,устоди кафедраи технологияифарматсевтӣ ва фармакологии ДМТ,дотсент, номзади илмҳои тиб