КОНСТИТУТСИЯ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

189

Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳимми таърихӣдар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳоиилмӣ-таълимӣ гузаронида мешавад. Бо бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияимеҳанпарастӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ, дар толори калони факултети фарматсевтӣ дар якҷоягӣ бо факултети тиббии донишгоҳ ҳамоиши илмӣ – назариявӣбаргузор гардид.

ҲАМОИШ БО ИШТИРОКИ МУДИРИ КАФЕДРАИ ҲУҚУҚИ СУДӢ ВА НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ Н.И.Ҳ., ДОТСЕНТ, МАҲМУДОВ ИЗАТУЛЛО, МУДИРИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ҲАЛҚИ ТОҶИК, АСРҲОИ МИЁНА ВА БОСТОНШИНОСӢ Д.И.Т., ДОТСЕНТ ҶОНИБЕК АСРОРИЁН, МУДИРИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲ САИДОВ ҲУСНИДДИН, РАИСИ ШУРОИ САРПАРАСТОНИ ДОНИШГОҲ АШУРОВ И, ВА САДОРАТИ ФАКУЛТЕТҲО БАРГУЗОР ГАРДИД.

ЗИМНАНМУДИРИ ШУЪБАИ ТАРБИЯИ ДОНИШГОҲ САИДОВ Ҳ., ҶАВОНОНРО БО РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ШОДБОШ НАМУДА, ҚАЙД НАМУД, КИ КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУН, БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ТАҚДИРСОЗИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ВА МИЛЛАТИ ТОҶИК МАҲСУБ МЕЁБАД. КОНСТИТУТСИЯ ҲУҶҶАТИ ТАЪРИХИЕСТ, КИ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ҚОНУНГУЗОРӢ ИШТИРОКИ ОЗОДОНАВУ ВАСЕИ ШАҲРВАНДОНРО ДАР ҲАЁТИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТ ТАЪМИН МЕНАМОЯД.

Баъданмудири кафедраи таърихи ҳалқи тоҷик, асрҳоимиёна ва бостоншиносӣ д.и.т., дотсент Ҷонибек Асрориёнбаланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, беҳтар намудани сифати донишу интизоми донишҷӯён, тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ва манфиатҳои миллӣ матраҳ намуд.

Сипас ҳуқуқшинос Маҳмудов И. перомуни марҳилаҳоиқабул гардидани Конститутсия, ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа ва эътимоду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба қувваи созандаи ҷавонон сухан ронда, оид ба равандҳои муосири сиёсӣ дар ҷаҳонва минтақа ибрози ақида намуд. Аз ҷумла, мавсуф иброз дошт, ки “рафтору амали шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳоиамалкунандии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад, зеро яке аз аркони калидии кишвари ҳуқуқбунёди моро Қонуни асосӣташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҷавонону наврасон омӯзонем ва онҳоро дар доираи риояи қонунҳо, хусусан ҳифзи ҳуқуқуозодиҳо тарбия намоем.

Албатта, донистани Конститутсия на танҳо барои баланд шудани маърифати ҳуқуқӣ, балки маърифати сиёсӣ низ мусоидат мекунад.

Таъкид гардид, ки Конститутсия кафили пойдории ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дар ҷомеа буда, сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои маҳбуби миллат амалӣ менамояд.