КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

119

«Ҳадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд» – гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мо халқи тоҷик беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд, ҷашни 29-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукӯҳи хосса дошт.

06-ноябри соли 1994-ум барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз санаҳои тақдирсози миллат аст, зеро маҳз дар ҳамин руз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол мо 29 –умин солгарди онро ҷашн мегирем. Ин барои мардуми мо аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли кишвар маҳсуб мешавад.

То ин муддат дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Албатта, сабаби ба вуҷуд омадани ин руйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон гардид.

Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меьёрию ҳуқуқӣ эьтибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд, ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.

Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд. Фаъолияти мақомотҳои давлатӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба меъёрҳои Конститутсия асос ёфтаанд, ки дар он ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми неруҳои сиёсӣ — ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.

Конститутсияи нав дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон иқдоми ҷиддие буд, ки барои такмили минбаъдаи давлат мусоидат намуд.

Ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне дифои ҳуқуқҳои шахс тавассути меъёрҳои конститутсчионӣ. Амали мустаъқим пайдо намудани меъёрҳои конститутсионӣ дар таърихи ватани мо назир надошт. Ба мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатӣ лозим меояд, ки дар фаъолияти худ меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун эътибори олии ҳуқуқӣ ба роҳбари гиранд.

Дар Конститутсияи соли 1978 моликияти давлатӣ асоси низоми иқтисодӣ Тоҷикистони Шӯравиро ташкил медод. Конститутсия соли 1994 гуногунии шаклҳои моликиятро ба таври баробар эътирофу ҳимоя менамояд ва рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин месозад.

Мутобиқи Қонуни асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат буда, ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.

Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ ба шакли ба сохти ҷамъиятии бозоргонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад. Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Конститутсия ҳуҷҷати муққаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба суи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба он ворид намудани таъғиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомеа мебошад. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули панҷ Конститутсия ( 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) -ро дар ёд дорад. Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони мустақил ва 6.11.1994 қабул гардидани он гувоҳи амалишавии қарори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин рӯзи хотирмон Президенти Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷумҳурӣ воқеаи ниҳоят муҳим буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душвориҳои иқтисодӣ ва буҳрони иҷтимоӣ – иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда қариб нисфи буҷети ҷумҳуриро ба соҳаи иҷтимоӣ равона месозад ва дар оянда низ ин тамоюл идома меёбад.

Дар давраи ҳозираи рушд дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои боз ҳам миқёсан васеи-таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои сохтори иқтисодиёт ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Инак, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро ҳамчун рузи Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола қайд менамоянд.

Ашурализода Ф. А. – ассистенти кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтии ДМТ

Валиева М.З.- магистри курси 2 – юми факултети фарматсевтии ДМТ