Мудири кафедра Юсуфзода Аҳлиддини Ҷаъфаридин | |
Адрес | ш. Душанбе, х. Рудакӣ 17, бинои №3, ошёнаи 4, утоқ 416. |
Телефон | 201-71-97-97 |
Е-mail: | ahliddin2491@mail.ru |
Ҳайати кадрӣ
Ному насаб | Вазифаи ба ўҳдадошта |
Юсуфзода Аҳлиддини Ҷаъфаридин | и.в. мудири кафедра |
Саидов Нарзулло Бобоевич | д.и.фарм., профессор |
Фаридуни Кишвари Раҷабзода | н.и.б. дотсент, декани факултети фарматсевтӣ |
Саидова Муҳаббат Нарзуллоевна | н.и.фарм., дотсент |
Сайфуллоева Дилбар Файзиддиновна | н.и.фарм. |
Сахратов Валӣ Алимардонович | ассистент |
Дилдораи Ёрализода | ассистент |
Ҳомидов Далер Комилович | муаллими калон |
Давроншозода Файзулло Даврон | ассистент |
Сафоев Муҳаммадризо Бегиҷонович | ассистент |
Солиҳова Саодат Қуватовна | Лаборанти калон |
Таърих
Кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ бо фармоиши ректори ДМТ аз 04 09 2020 тибқи №387-6 таъсис ёфта, аз якуми сентябри соли 2020 фаъолият мекунад. Кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ дар факултети фарматсевтии ДМТ яке аз кафедраҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Мудирии кафедраи мазкурро муаллими калон Юсуфзода Аҳлиддини Ҷаъфаридин ба уҳда доранд.
Дар кафедра ҳайати устодон аз фанҳои тахассусии «Химияи фарматсевтӣ», «Идоракуни ва иқтисодиёти фарматсевтӣ», «Химияи токсикологӣ», «Менеҷмент ва маркетинги фарматсевтӣ», «Сертификатсияи маводи доруворӣ», «Фармакоэкономика», «Молшиносии тиббӣ ва фарматсевтӣ», «Назорати сифати маводи доруворӣ», «Идоракуни ва иқтисодиёти фарматсевтӣ ва косметологӣ » ба донишҷўён дарс медиҳанд.
Устодони соҳибтаҷриба аз фанҳои дар боло зикргардида дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалию лабараторӣ мегузаронанд.
Фаъолияти таълимии кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ
Кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ яке аз кафедраҳои тахассусии факултети фарматсевтӣ ба ҳисоб рафта, дар тайёр намудани мутахассисони ҷавони дорусоз нақши калон дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани аҳолии мамлакат бо маводи дорувории хушсифат, судманд ва бехатар, махсусан таъмини аҳолӣ бо дорувории ватанӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар ин самт барои омода намудани мутахассисони баландихтисос кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ мавқеи муайянро ишғол мекунад.
Кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос фаъолона иштирок менамояд. Ҳар сол зиёда аз 60 донишҷўёни курсҳои 5-ум рисолаҳои дипломии худро бомувафақият ҳимоя менамоянд. Дар айни замон дар кафедра 3 нафар магистр ва 3 унвонҷў ба корҳои илмӣ-таҳқиқоти машғуланд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар кафедра дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои методи низ хуб ба роҳ монда шудааст. Устодони кафедра зиёда 40 китоби дарсӣ ва дастури таълимию методӣ ба табъ расондаанд, ки донишҷўён дар раванди таълим аз он истифода мебаранд.
Фаъолияти илмӣ–тадқиқотӣ
Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра бо мавзўи илмии устодони кафедра алоқамандӣ дорад. Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ устодон дар 1 самт, 2 масъала ва 2 мавзўъ кору фаъолият намуда истодаанд.
- Самти илмии кафедра. Такмилдиҳии таъминоти маводи доруворӣ ва хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Масъалаи илмии кафедра:
– Зиёд намудани номгўи дорувориҳои аслашон растанигӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Омӯзиши бозори фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳияи консепсияи рушди бахши фаматсевтии системаи тандурустӣ
- Мавзўи илмии кафедра:
– Бадастории моддаҳои нави фаъоли биологӣ бо мақсади таҳияи маводи дорувории нав дар асоси ашёи хоми растангии ватанӣ
– Тақиқоти маркетингии бозори фарматсвтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муносибати системавӣ
Роҳбарони илмии мавзўҳои тақиқотии кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ профессори кафедра Саидов Н.Б., дотсент Саидова М.Н.
Дар кафедра инчунин махфили илмии донишҷўён бо номи «Дорушинос» фаъолият мекунад, ки зиёда аз 9 донишҷўи фаъол дар ин маҳфил фаъолона иштирок мекунанд.
Дар кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ 3 унвонҷуён фаъолият мекунанд:
Сахратов Валӣ Алимардонович, унвонҷўи Академияи давлатии фарматсевтии шаҳри Перми Федератсияи Россия буда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Малкова Тамара Лиянидовна дар мавзўи “Истифодаи усули хроматографияи тунукқабат дар таҳлили растаниҳои доругӣ, ки дар Тоҷикистон мерўяд” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 15 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.
Дилдораи Ёрализода унвонҷўи кафедраи химияи органикӣ ДМТ буда, таҳти роҳбарии профессорҳо Раҷабов С. И. дар мавзўи: “ Синтез ва омўзиши хосиятҳои биологии хлоргидринҳои глитсерин бо кислотаи атсетилсалитсилат” тадқиқоти илмӣ бурда истодааст. Муаллифи зиёда аз 10 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.
Ҳомидов Далер Комилович унвонҷўи кафедраи химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ ДМТ буда, таҳти роҳбарии профессор Кирщина Ирина Анатольевна дар мавзўи: ” Масъалаҳои нигоҳдории маводҳои доруворӣ дар муассисаҳои фарматсевии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқоти илмӣ бура истодааст. Муаллифи зиёда аз 8 фишурдаву мақолаҳои илмӣ мебошад.
Устодони кафедра дар баробари кори таълимӣ дар конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ фаъолона иштирок менамоянд.
Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати кормандони кафедра дар шакли ихтироот, патентҳо, монографияҳо, инчунин дар 12 маҷалаҳои илмӣ ва маводи конференсия инъикос ёфтааст.