ҚИСМАТЕ АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

213

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханҳои худ қайд намудаанд : “бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди давлатдории муосири тоҷикон муҳимтарин вазифаи мо дар ин даврони ҳассосу мушкил ба шумор меравад”.

Дар ин давра таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, саноатикононии босуръати мамлакат, ҳифзи мероси пурарзиши таърихиямон, таъмини рушди илму маориф ва фарҳанг муҳимтарин самтҳои стратегии сиёсати давлат буданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ба рушди арзишҳои миллию мазҳабии мардуми кишвар диққати ҷиддӣ медиҳад. Омӯзиш, ҳифз ва рушди арзишҳои миллию мазҳабиямон барои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраю симои хоси худ ворид шудан, чун давлати мутамаддини миллӣ сӯи низоми демократию дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баробари давлатҳои мутамаддини демокративу дунявӣ пеш рафтан мусоидат менамояд.

Дар замони Истиқлолият яке аз масъалаҳои душвортарини ин масъалаи бо нерӯи барқ таъмин амудани аҳолии кишвар ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин, яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти мунтазами корхонаҳо зарур буд, истиқлолияти энергетикӣ қарор гирифт. Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерeгоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, сохмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Таҷдиду бунёди неругоҳи бузурги аср – НБО-и Роғун, ки барои мардуми шарафманди Точикистон сохтмони сарнавиштсоз майдони нангу номус мебошад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтӯда-1, 2 ба истифода дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани хатти 500 киловаттаи Ҷануб-Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад. Инчунин дар ин муддати кӯтоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки ду агрегати НБО-и Роғунро низ ба гардиш дарорад.

Ба ҳайси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анаънаҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанги тоҷик корнамои фавқуллода кардаанд.

Бо ибтикори Пешвои миллат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз,Тиргон, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо, эҳё гардиданд.

Бо талошҳои пайвастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисме аз онҳо, аз ҷумла, Шашмақом ва Наврӯз, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо аз як тараф эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ бошад аз тарафи дигар натиҷаи босамари талошҳои Пешвои миллат мебошад . Бо Қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ёдго-рии қадимии Саразм, ки дорои таърихи 5500 сола мебошад, ҳамчун марка-зи ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозиитоҷикон-«Мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардид. Сарвари давлат зимни дидору мулоқот бо зиёиёни кишвар дар санаи 19 марти соли 2018 пешниҳод намуда буданд, то соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад.

Соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон — шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин маъракаи муҳими фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 — солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанги миллӣ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ – Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа – забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад. Ба ақидаи гурӯҳе аз пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Мардуми тоҷик махсусан ҷавонони тоҷик, ки баъзан ба қадри ин неъмати бебаҳо нарасида, ба гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро шомил мегарданду андеша намекунанд, ки соҳибихтиёрӣ ба ивази чӣ қадар ҷоннисорӣ ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҷавонони саодатманд бояд бидонанд, ки истиқлолият ин яке аз арзишҳои волотарини ҳар халқ ба ҳисоб меравад. Тухми он ниҳоле, ки абармардони тоҷик барои насли оянда кошта буданд, акнун ба бор омадаасту маҳсули онро насли имрӯза чашида истодааст.

Инак дар сарзамини мо сулҳу ваҳдати комил ҳукмрон аст. Мо шукри ин неъмати бебаҳоро карда бояд аз сидқи дил хонем, омӯзем ва дар пешрафту тараққии ҷамъияту ободии кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳми босазое гузошта тавонем. Мо миллати сарбаланди тоҷик сарнавишти худро бояд худамон муайян намоем.

Юсуфзода Аҳлиддини,н.и.х., муаллими калони кафедраи химияи фарматсевтї ва идораву иќтисодиёти фарматсевтии ДМТ