Имтиёзҳо

Маълумот дар бораи имтиёзҳо

Мувофиқи қоидаҳои қабули донишҷўён ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба факултети тиббии-фарматсевти шахсони зерин имтиёзҳо доранд:

  • довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаиумумиро бо медали тилло хатм намудаанд, ба Донишгоҳ ба тариқи сўҳбат (беимтиҳон) қабул карда мешаванд.
  • довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаиумумиро бо медали нуқра ва биринҷї хатм намудаанд, ба истиснои ихтисосҳои

   Дар сурати натиҷаи манфии сўҳбат довталабони мазкур дар асоси «Ќоидаҳои қабули донишҷўён ба Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2013-2014» имтиҳон месупоранд.

   Ѓолибони ҷойҳои якуми олимпиадаҳои ҷумҳуриявї ва ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми олимпиадаҳои байналмиллалї аз рўи фанҳои муассисаҳои таҳсилоти умумї, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, зимни мувофиқати ихтисос тариқи сўҳбат ба курси якуми факултети  қабул карда мешаванд.

   Имтиҳони қабул барои довталабони имтиёздор (соҳибони медали нуқра ва биринҷии муассисаҳои таҳсилоти умумї, ибтидої ва миёнаи касбї), китанҳо аз фанни тахассусї имтиҳон месупоранд, пеш аз мўҳлати муқарраршуда сурат мегиранд.  

   Баъди гирифтани баҳои мусбат аз кори хаттї ва ҳаддиақали муайяншудаи холҳои умумї шахсони зайл берун аз озмун ба факултети тиббии-фарматсевти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон қабул карда мешаванд:

  • хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Ќувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд ва дорои имтиёзҳои давлатї ҳастанд;
  • маъюбони гурўҳи 1-ум ва 2-юм (аз ҷумла, нобино ё нидорои истеъдоди фавқуллода), агар таҳсили онҳо мувофиқи ҳуҷҷати тиббї дар ихтисосҳои интихобкардаашон (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурї) манъ набошад;
  • ятимони бепадару модар тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқ кунанда.