Яке аз хатарҳои бузурге, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва, пеш аз ҳама, давлатҳои мустақили навтаъсисро таҳдид мекунад, зуҳури падидаи номатлуби терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти хатарнок имрӯз бо василаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири беруна кӯшиш мекунад, ки мафкураи ҷавононро вайрон карда, онҳоро аз роҳи дуруст гумроҳ созад.
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ имрӯз (11.09.2025) дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ сарпарасти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири шуъбаи тарбия, муовинони декан ширкат варзида, бо андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои дигари амниятӣ суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷумҳурии мо солҳои охир дар самти муқовимат бо чунин таҳдидҳои ҷаҳонӣ фаъол буда, баҳри таъмини амнияту субот қадамҳои устувор мегузорад.
Қабул ва мавриди иҷро қарор гирифтани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди тероризм” ва “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки дар мавриди ҳифзи амнияти кишвар масъулиятшинос бошад ва ҳушёрии сиёсиро боло бардорад.
Чунин вохӯрӣ барои донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳ судманд буданд. Зеро омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, эҳтироми бузургсолон, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.