ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

69

Дар факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат” бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 30-юмин солгарди Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоиши илмию назариявӣбо сухани муқаддимавиииҷрокунандаи декани факултети фарматсевтӣ Каримзода Фирдавс Убайдулло оғоз гардид. Зимнан таъкид шуд, ки маҳз бо шарофати Конститутсия ҷумҳурии соҳибистиқлоламон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рукунҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат ва волояти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои устувор гузошт.

Сипас дар кориҳамоиши илмию назариявӣ масъулини шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳ Шерзода Бурҳоналӣ, профессори кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология Мусозода С.М., ассистентони кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология Давлатзода А.Д ва Амирова Л.М. бо маърузаҳо баромад намуданд.