ҒАЛАБАИ ТАЪРИХӢ ВА ПОСИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОН

10

Таърих гувоҳ аст, ки сарнавишти инсоният ҳамеша бо саҳифаҳои пуршукуҳу ибратомӯз навишта мешавад. Дар ин росто, санаҳои таърихӣ, номҳои абадзиндаи шахсиятҳои барҷаста, корнамоиҳои нотакрор ва ғалабаҳои бузург дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Онҳо ҳамчун чароғи роҳнамо дар фазои торик барои наслҳои оянда хизмат мекунанд.

Яке аз чунин рӯйдодҳои таърихӣ — Ғалаба бар фашизм (солҳои 1941–1945) мебошад, ки беш аз 80 сол инҷониб ҳамчун рамзи далерӣ, фидокорӣ ва ваҳдати башарӣ таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ мардуми ватандӯст бо эҳтиром ба анъанаҳои бузурги наслҳои гузашта ин ҷашни таърихиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Ба истиқболи ин санаи муҳим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, дар факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар меҳмонон ҳамоишҳои маърифатӣ баргузор шуданд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо аз ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии халқи тоҷик дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуданд. Ин сабақҳо имрӯз низ барои тарбияи насли ҷавон ҳамчун манбаи ифтихор ва ибрат арзишманд боқӣ мемонанд.