АГАР БО МАСЪУЛИЯТ КОР КУНЕМ…

536

(Чанд сухан аз мулоқоти Ректори ДМТ бо коллективи устодону кормандони факултети фарматсевтӣ)

Дар мулоқоти навбатии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети фарматсевтии донишгоҳ як зумра масъалаҳои илмию таълимӣ ва тарбияву хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ ба садорат ва устодони факултети мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таълимӣ, хоҷагидорию байналмилалӣ дастурҳои мушаххас дода, мақсад аз силсилавохӯриҳоро беҳтар гардонидани фаъолияти факултет ва дар умум донишгоҳ унвон намуд.

Нуктае аз ин нишаст:

1.Ҳамкорӣ бо олимони хориҷӣ. Ректори донишгоҳ дастур дод, ки табодули устодону донишҷӯён ба хориҷи кишвар ва ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони хориҷӣ ба роҳ монда шавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва такмили дониш ин табодули устодон ба хориҷи кишвар ва баракс, инчунин, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

2. Ҷоннок намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар факултет. Зимни мулоқот гуфта шуд, ки созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили созмони ҷавонон, кумитаи иттифоқи касаба ва бахши занон дар факултет бояд зери назорати ҷиддӣ қарор гиранд. Агар ин созмону ташкилотҳои ҷамъияти бо донишҷӯён хуб кор кунанд, дар самти тарбия мушкилиҳо зуд ҳалли худро меёбанд. Ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ аз фаъолияти ин созмону ташкилотҳо вобаста аст ва барои сабзидани донишҷӯён имконияти хубе мебошад.

3. Масъулиятнок будан дар кор. Таъкид шуд, ки агар шахс бо масъулият аз паси иҷрои кор шавад ва вазифаи ба дӯш доштаро сари вақт иҷро намояд, мушкилие дар фаъолияти корӣ дида намешавад. Масъулиятнок будан вазифаи ҳар яки мост.

Ҳамин тавр, дар идомаи мулоқот дар самти таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои нав, назорати ҷиддии ҷараёни дарсҳо, таҷдиди назар намудани саволномаҳои тестӣ, дуруст ба роҳ мондани тахтаҳои электронӣ, назорати барномаҳои таълимӣ, таҳияи бонки лексияҳо ва муҳокимаи пайвастаи онҳо, гузаштан аз такмили ихтисос, назорати қатъии дарсҳои тарбиявӣ, дуруст омода намудани нақшаи таълимӣ, рафти таҷрибаомӯзӣ, инчунин, навиштани мақолаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва мутобиқ сохтани онҳо ба талаботи маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ, зиёд намудани шумораи унвондорон, ҷоннок намудани фаъолияти сомонаи факултет, назорати корҳои илмии устодон аз ҷониби мудирони кафедраҳо, ташкили семинарҳои илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорон дар самти дарёфтани грантҳо дар робита ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра дастурҳои мушаххас дода шуд.