Дар факултети тиббии-фарматсевти дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷї метавонанд бо тариқи шарномавї ва квота таҳсил намоянд. Ќабули шаҳрвандони хориҷї ба факултети тиббии-фарматсевти дар асоси «Ќоидаҳои қабули шаҳрвандони хориҷї ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидої, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси шартҳои зерин қабул карда мешаванд:
- мутобиқи созишномаи дутарафаи байнидавлатї;
- дар ҳудуди ҷойҳои муқарраршудаи қабул бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи шартномаи тарафайн бо Донишгоҳ барои ҳар як ҷой дар ҳудуди миқдори муайяншудаи иҷозатнома (литсензия) бо пардохти ҳаққи таҳсил тибқи қоидаҳои қабул.
Њангоми таҳсил шаҳрвандони хориҷї бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷї метавонад дар гуруҳҳои тоҷикї ва русї таҳсил намоянд.
Маблағи шартномаи шаҳрвандони хориҷиро Раёсати Донишгоҳи миллї муайян менамояд. Маълумоти муфассалро дар бораи ҳуҷҷатҳои қабули шаҳрвандони хориҷї Шумо метавонед аз бахши «Тартиби қабул» пайдо намоед.