Руйхати ҳуҷҷатҳои лозими барои дохилшави ба факултети фарматсевти дар соли 2023

   Довталабон ба гурўҳҳои шартномави дар ҳаҷми нақшаи қабул ба тариқи озмун, инчунин ба тариқи имтиёз қабул карда мешаванд. Довталабон зимни қабул ба Донишгоҳ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. ариза ба номи ректори Донишгоҳ;
  2. ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумї (пурра), ибтидоии касбї ва миёнаи касбї (намунаи давлатї – нусхаи асл);
  3. маълумотномаи тибби (шакли №086-У);
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4 см);
  5. шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд;
  6. билети ҳарбї ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
  7. нусха аз дафтарчаи меҳнатї, агар довталаб собиқаи корї дошта бошад;
  8. маълумотнома (справка) дар бораи хатми мактаби таҳсилоти умумї;
  9. қарори Шўрои омўзгории мактаб, тавсияи шўъбаи маорифи ноҳия ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ДМТ тавсия карда мешаванд)
  10. қарори Шўрои ноҳиявии меҳнатї ва роҳхати ҳукумати ноҳия (барои духтарон ва писароне, ки бевосита дар истеҳсолот кор мекунанд).