Созмони ҷавонони факултети фарматсевтӣ як ҷузъи Созмони ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти худро мувофиқи нақшаи корӣ бо Созмони ҷавонони ДМТ мувофиқа намуда, аз ҷониби декани факултет тасдиқ шуда, дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои дахлдор ба роҳ мондааст.
Мақсад, самтҳои асосӣ ва вазифаҳои созмон
- Иштирок дар амалӣ гардидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба тадбиқи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон».
- Амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўён ва олимони ҷавон.
- Рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дўстӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷўён ва олимони ҷавон.
- Њифзи ҳуқуқи донишҷўён новобаста аз нажод, миллат, дин, вазъи иҷтимоӣ барои тайёрии касбӣ ва маълумот.
- Тарбияи донишҷўён дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хат, забон ва урфу одати миллатҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанд.
- Мусоидат ва саҳмгузорӣ дар самти рушди фарҳангу маданият ва корҳои эҷодии донишҷўён.
- Дастгирӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани барномаҳои судманд, ки баҳри тараққӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии донишҷўён нигаронида шудаанд.
- Барқарор сохтани робитаву алоқа ва ҳамкориҳои муфид бо ташкилотҳои марбут ба ҷавонон.
- Ба танзим даровардани фаъолияти Шўрои олимони ҷавони Донишгоҳ, ки ба созмон ҳисоботдиҳанда мебошад.
- Гузаронидани фестивалҳо, конфронсҳо, вохўриҳо, семинарҳо, машваратҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигар барои донишҷўён ва олимони ҷавон.
Ҳайати Созмони ҷавонон аз шахсони зерин иборат мебошад:
- Бехзоди М. – раис;
- Рачабов Ф. – аъзо;
- Махмадов М. – аъзо;