Интиқоли донишҷуён
Ба факултети тиббии-фарматсевти аз дигар факултетҳо ва мактабҳои олї интиқол гардидан мумкин аст. Гузаронидани донишҷуён ба факултети тиббии-фарматсевти танҳо пас аз хатми курси дуюм ба роҳ монда мешавад. Тартиби интиқол гардидан ба факултети тиббии-фарматсевти аз дигар факултетҳо ё мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Низомнома «Дар бораи гузаронидан, барқароркунї ва хориҷ намудани донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3/6 аз 08. 02 соли 2006 тасдиқ карда шудааст, ба танзим дароварда мешавад.
Донишҷуёён аз шуъбаи ғоибона ба шуъбаи рузона дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо назардошти иҷрои соатҳои барномаҳои таълимї ва мавҷудияти камтар аз 7 фарқияти академї (санҷиш ва имтиҳон) як курс поёнтар ба ҳамон шакли таълим (ройгон ё ғайриройгон) гузаронида мешаванд.
Ќайд кардан бо маврид аст, ки донишҷуён ҳуқуқи аз гурўҳи ғайриройгон ба гурўҳи ройгон гузаштанро доранд. Њангоми аз гурўҳи ғайриройгон ба гурўҳи ройгон (аз гурўҳи шартномавї ба гурўҳи буҷавї) гузаронидани донишҷўён онҳо бояд талаботҳои муайяни дар Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурўҳҳои ғайриройгон ба гурўҳҳои ройгон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 3/5 аз «08» феврали соли 2006 тасдиқ шудааст, риоя кунанд. Чунончи : Дар давоми чор семестр аз тамоми фанҳои талимї 75% баҳои хубу аъло гирифта, баҳои қаноатбахш надошта бошад; донишҷў агар дар корҳои ҷамъиятї ва дохилии муассисаи таълимї иштирок намуда, корҳои курсиашро бо баҳои хубу аъло супорад ва на камтар аз ду мақола дар рўзнома ё маҷалла (барои фанҳои гуманитарї) чоп карда бошад.
Маълумотномаи муфассал дар ин бораро Шумо метавонед аз Низомнома «Дар бораи гузаронидани донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гурўҳҳои ғайриройгон ба гурўҳҳои ройгон» пайдо намоед.