Факултети фарматсевтӣ тӯли солҳои фаъолият барои омода намудани кадрҳои соҳибтахассуси соҳаи тандрустии мамлакат нақши арзанда дорад. Факултет дорои 3 кафедраи тахассусӣ (фарматсия, фармакогнозия ва химияи фарматсевтӣ, идоракунӣ ва иқтисодиёти фарматсевтӣ), синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, синфхонаҳои дорои тахтаҳои электронӣ, китобхонаи тахассусӣ ва лабораторияҳои тахассусии замонавӣ мебошад. Дар факултет аз рӯи 3 ихтисос: дорусозӣ, технологияи саноати дору ва технологияи маҳсулоти чарб, равғани эфир ва атриёту косметика донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Айни замон дар факултет 858 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 11 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Федератсияи Русия, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон таҳсил карда истодаанд. Шароити таълимӣ, дастрасӣ ба адабиёти таълимӣ, баззаи моддию техникӣ дар факултет ба талаботҳои мавҷудаи соҳа пурра ҷавобгӯ буда, донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиро дар муассисаҳои фарматсевтии шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо мегузаронанд.
Садорати факултети фарматсевтӣ дар баробари ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо марказҳои илмию таълимии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Донишгоҳи миллии фарматсевтии шаҳри Харкови Украина, Донишгоҳи дӯстии халқҳои шаҳри Маскав ба номи Патриса Лумумбо, Академияи фарматсевтии шаҳри Пятигорск, Донишгоҳи якуми давлатии тиббӣ ба номи И.М.Сеченов, Академияи фарматсевтии шаҳри санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии тиббии шаҳри Харкови Украина робитаҳои илмию таълимӣ дорад. Дар баробари таълим дар заминаи кафедраҳои тахассусӣ оид ба масъалаҳои мубрами соҳаи дорусозӣ корҳои илмӣ-татқиқотӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар кори он донишҷӯён низ ҷалб шудаанд.
Тӯли солҳои фаъолият аз ҷониби ҳайати омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ 62 номгӯи китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр шудаанд. Аз ҳисоби ҳайати омӯзгорони факултет тӯли ин солҳо 2 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 3 нафар пешдифоро гузашта, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Барои заҳматҳои тулонӣ ва бенуқсон 2 нафар устоди факултет бо медали «Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд. 2 нафар барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гардида, 1 нафар бо нишони «Аълочии маориф” ва 1 нафар бо нишони “Аълочии тандурустӣ” қадрдонӣ шудаанд.
Хатмкунандаҳои факултет дар тамоми соҳаҳои тандурустии мамлакат, аз ҷумла Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббӣ, кафедраҳои тахассусии факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино фаъолият карда истодаанд.
Хатмкунандагони ихтисосҳои факултети фарматсевтӣ ба фаъолиятҳои касбии фарматсевтӣ дар соҳаи маводи доруворӣ ва косметологӣ, аз ҷумла коркард, истеҳсол, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсия, стандартизатсия ва назорати сифат, фурӯши маводи доруворӣ ва косметологӣ сафарбар карда мешавад.
Ҳамчунин, хатмкунандагони факултет ҳуқуқи анҷом додани корҳои зеринро доранд: тайёр кардан, санҷидан ва бақайдгирии маводи доруворӣ ва косметологӣ, мукаммал намудани доруҳои мавҷуда дар асоси технологияи муосир, татқиқотҳои биофарматсевтӣ ва усулҳои назорат мутобиқи системаи талабот ва стандарти байналмилалӣ, истеҳсоли ҷавҳар ва маводи дорусозӣ, идоракунии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои фарматсевтӣ, назорати сифати маводи доруворӣ ва косметологӣ, идоракунии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои косметологӣ ва ғайра.
Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намуда, барои пешрафти соҳаи тандурустии кишвар саҳмгузорӣ намуда истодааст. Довталабоне, ки мехоҳанд дар оянда мутахассиси соҳаи фарматсевтӣ шаванд, донишҳои соҳаро дар сатҳи зарурӣ аз худ кунанд, дар ҷараёни мағулиятҳои дарсӣ аз лабораторияву таҷҳизотҳои замонавӣ баҳравар бошанд, метавонанд факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро интихоб намоянд.