Таърихи факултет

   Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти силсилаи АУ №0000575 аз 27.05.2009,  шурўъ аз соли таҳсили 2009-2010 дар факултети биология қабули донишҷўён ихтисоси 1-79010800-“Дорусозї” дар гурўҳҳои шартномавї  тибқи низоми таҳсилоти кредитї ба роҳ монд.

    Баъдан,  дар соли таҳсили 2010 -2011 аз рўи ихтисосҳои 1-80020100-“Кори тиббї-биологї” ва дар соли таҳсили 2011-2012 1-31040309-“Электроникаи тиббї”  қабули донишҷўён ба роҳ монда шуд.

    Тибқи фармони ректори донишгоҳ аз 30.08.2011, № 350-09 дар заминаи ихтисосҳои дорусозї, электроникаи тиббї ва кори тиббї-биологии факултети биология, шурўъ аз соли таҳсили 2011-2012 шўъбаи тиббї-фарматсевтї таъсис дода шуд.
Дар заминаи шўъбаи тиббї-фарматсевтї тибқи талаботи банди 8-и «Низомномаи факултети муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти иҷрои мактуби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.03.2012, №05/2-486, бо қарори раёсати донишгоҳ аз 06.03.2012№7-а, аз 07.03.2012 факултети “Тиббию фарматсевтї” таъсис дода шуд. 

    Роҳбарии факултетро н.и.ф., дотсент Н.Б.Саидов ба ўҳда дорад. Айни замон дар факултети тиббию фарматсевтї 1750 нафар донишҷў таҳсил карда истодааст. Дар факултети мазкур кафедраҳои тахассусии “Тиббї” ва “Фарматсия” фаъолият намуда истодаанд. Дар кафедраҳои  мазкур 13-? нафар омўзгорон фаъолият намуда истодаанд, ки аз ҷумла, 4 нафарашон дорои унвон ва дараҷаи илмї мебошанд.

    Њамзамон дар факултет барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои дарсї аз рўи ихтисосҳои зикргардида омўзгорони кафедраҳои тахассусии факултетҳои физика (физикаи умумї, физикаи назариявї, электроникаи физикї), химия (кафедраҳои химияи ғайриузвї, химияи узвї, химияи таҳлилї, химияи физикию коллоидї, химияи татбиқї) ва биология (кафедраҳои ботаника, биохимия, физиологияи растаниҳо, физиологияи одам ва ҳайвонот) ба фаъолияти таълимию илмї ҷалб карда шудаанд, ки дар байни онҳо 27 нафар доктори илм, профессорон ва 66 нафар номзади илм, дотсентони соҳибтаҷриба мебошанд.

   Бо мақсади беҳдошти пойгоҳи таълимии моддию техникии факултетҳои химия, биология ва физика дар оғози соли таҳсили 2010-2011 аз ҳисоби маблағҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои махсуси Донишгоҳ дар ҳаҷми 4 922 115 (чор миллиону нўҳсаду бистуду ҳазору яксаду понздаҳ) сомонї таҷҳизоти лабораторияҳои таълимию илмї харидорї ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки донишҷўёни ихтисосҳои факултети мазкур низ аз он самарабахш истифода менамоянд.

    Дар баробари ин, барои аз худ намудани фанҳои тахассусї ва ғайритахассусї донишҷўёни ихтисосҳоии номбурда имкон доранд, ки аз 2 синфхонаи компютерї (муҷҷаҳаз бо 60 адад компютер),  2- синфхонаи лингофонї, 2- синфхонаи дорои тахтаҳои электронї ва 2- синфхонаи дорои видеопроэктор самаранок истифода баранд. Донишҷўёни ихтисосҳои мазкур ҷиҳати ташкил ва гузаронидани таҷрибаҳои таълимї аз фанҳои ботаника ва фармакогнозия, омўзиш ва ҷамъоварии растаниҳои шифобахш ба пойгоҳҳои таълимию таҷрибавии Донишгоҳ, воқеъ дар  Такоб (н. Варзоб), Ромит (н. Ваҳдат)  сафарбар карда мешаванд.

    Факултети тиббию фарматсевтї на танҳо бо марказҳои илмии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки  бо Донишгоҳи миллии дорусозии Украина, Донишгоҳи дўстии халкҳои шаҳри Маскав ба номи Патриса  Лумумбо, Академияи дорусозии шаҳри Пятигорск, Донишгоҳи якуми давлатии тиббї ба номи Сеченов, Академияи фармасевтии шаҳри Петербург, Донишгоҳи миллии тибби шаҳри Харков робитаи  илмию таълимї дорад.    

   Хатмкунандагони ихтисосҳои факултети тиббию фармасевтї ба фаъолиятҳои касбии фармасевтї дар соҳаи маводи доруворї, аз ҷумла фаъолияти дорухонадорї, коркард, истеҳсол, бақайдгириии давлатї, сертификатсия, стандартизатсия ва назорати сифат, фурўши маводи доруворї, озмоишгоҳҳои тиббї, марказҳои санитарию эпидемиологї, банду басти таҷҳизотҳои тиббї ва ғайраҳо сафарбар карда шуда, ҳамчунин ҳуқуқи анҷом додани корҳои зеринро доранд:

тайёр кардан, санҷидан ва бақайдгирии маводҳои доруворї, мукаммал намудани доруҳои мавҷуда дар асоси технологияи муоссир, татқиқотҳои биофармасевтї ва усулҳои назорат мутобиқи системаи талабот ва стандарти байналмиллалї, истеҳсоли зермавод ва маводҳои дорусозї, идоракунии фаъолияти ташкилот ва муассисаҳои фармасевтї, назорати сифати маводи доруворї ва ғайраҳо.