Раёсати Донишгоњи миллии Тољикистон дар асоси Иљозатномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањти силсилаи АУ №0000575 аз 27.05.2009,  шурўъ аз соли тањсили 2009-2010 дар факултети биология ќабули донишљўён ихтисоси 1-79010800-“Дорусозї” дар гурўњњои шартномавї  тибќи низоми тањсилоти кредитї ба роњ монд.

    Баъдан,  дар соли тањсили 2010 -2011 аз рўи ихтисосњои 1-80020100-“Кори тиббї-биологї” ва дар соли тањсили 2011-2012 1-31040309-“Электроникаи тиббї”  ќабули донишљўён ба роњ монда шуд.

    Тибќи фармони ректори донишгоњ аз 30.08.2011, № 350-09 дар заминаи ихтисосњои дорусозї, электроникаи тиббї ва кори тиббї-биологии факултети биология, шурўъ аз соли тањсили 2011-2012 шўъбаи тиббї-фарматсевтї таъсис дода шуд.
Дар заминаи шўъбаи тиббї-фарматсевтї тибќи талаботи банди 8-и «Низомномаи факултети муассисаи тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон» бо назардошти иљрои мактуби Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 05.03.2012, №05/2-486, бо ќарори раёсати донишгоњ аз 06.03.2012№7-а, аз 07.03.2012 факултети “Тиббию фарматсевтї” таъсис дода шуд. 

    Роњбарии факултетро н.и.ф., дотсент Н.Б.Саидов ба ўњда дорад. Айни замон дар факултети тиббию фарматсевтї 1750 нафар донишљў тањсил карда истодааст. Дар факултети мазкур кафедрањои тахассусии “Тиббї” ва “Фарматсия” фаъолият намуда истодаанд. Дар кафедрањои  мазкур 13-? нафар омўзгорон фаъолият намуда истодаанд, ки аз љумла, 4 нафарашон дорои унвон ва дараљаи илмї мебошанд.

    Њамзамон дар факултет барои ташкил ва гузаронидани машѓулиятњои дарсї аз рўи ихтисосњои зикргардида омўзгорони кафедрањои тахассусии факултетњои физика (физикаи умумї, физикаи назариявї, электроникаи физикї), химия (кафедрањои химияи ѓайриузвї, химияи узвї, химияи тањлилї, химияи физикию коллоидї, химияи татбиќї) ва биология (кафедрањои ботаника, биохимия, физиологияи растанињо, физиологияи одам ва њайвонот) ба фаъолияти таълимию илмї љалб карда шудаанд, ки дар байни онњо 27 нафар доктори илм, профессорон ва 66 нафар номзади илм, дотсентони соњибтаљриба мебошанд.

   Бо маќсади бењдошти пойгоњи таълимии моддию техникии факултетњои химия, биология ва физика дар оѓози соли тањсили 2010-2011 аз њисоби маблаѓњои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва маблаѓњои махсуси Донишгоњ дар њаљми 4 922 115 (чор миллиону нўњсаду бистуду њазору яксаду понздањ) сомонї таљњизоти лабораторияњои таълимию илмї харидорї ва мавриди истифода ќарор дода шуд, ки донишљўёни ихтисосњои факултети мазкур низ аз он самарабахш истифода менамоянд.

    Дар баробари ин, барои аз худ намудани фанњои тахассусї ва ѓайритахассусї донишљўёни ихтисосњоии номбурда имкон доранд, ки аз 2 синфхонаи компютерї (муљљањаз бо 60 адад компютер),  2- синфхонаи лингофонї, 2- синфхонаи дорои тахтањои электронї ва 2- синфхонаи дорои видеопроэктор самаранок истифода баранд. Донишљўёни ихтисосњои мазкур љињати ташкил ва гузаронидани таљрибањои таълимї аз фанњои ботаника ва фармакогнозия, омўзиш ва љамъоварии растанињои шифобахш ба пойгоњњои таълимию таљрибавии Донишгоњ, воќеъ дар  Такоб (н. Варзоб), Ромит (н. Вањдат)  сафарбар карда мешаванд.

    Факултети тиббию фарматсевтї на танњо бо марказњои илмии тиббии Љумњурии Тољикистон, балки  бо Донишгоњи миллии дорусозии Украина, Донишгоњи дўстии халкњои шањри Маскав ба номи Патриса  Лумумбо, Академияи дорусозии шањри Пятигорск, Донишгоњи якуми давлатии тиббї ба номи Сеченов, Академияи фармасевтии шањри Петербург, Донишгоњи миллии тибби шањри Харков робитаи  илмию таълимї дорад.    

   Хатмкунандагони ихтисосњои факултети тиббию фармасевтї ба фаъолиятњои касбии фармасевтї дар соњаи маводи доруворї, аз љумла фаъолияти дорухонадорї, коркард, истењсол, баќайдгириии давлатї, сертификатсия, стандартизатсия ва назорати сифат, фурўши маводи доруворї, озмоишгоњњои тиббї, марказњои санитарию эпидемиологї, банду басти таљњизотњои тиббї ва ѓайрањо сафарбар карда шуда, њамчунин њуќуќи анљом додани корњои зеринро доранд:

тайёр кардан, санљидан ва баќайдгирии маводњои доруворї, мукаммал намудани доруњои мављуда дар асоси технологияи муоссир, татќиќотњои биофармасевтї ва усулњои назорат мутобиќи системаи талабот ва стандарти байналмиллалї, истењсоли зермавод ва маводњои дорусозї, идоракунии фаъолияти ташкилот ва муассисањои фармасевтї, назорати сифати маводи доруворї ва ѓайрањо.

Дар ин љо->: Асосї

Стандартхои GMP