ХУШ ОМАДЕД БА СОМОНАИ ФАКУЛТЕТИ ТИББИИ-ФАРМАТСЕВТИ
ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН !

 Бо фармони ректори донишгоњ тањти № 140а- 6 шурўъ аз 07.03.2012 дар заминаи шуъбаи тиббию фармасевтї факултети тиббию фармасевтї бо фарогирии ду кафедраи тахассусї тиббї ва фарматсия таъсис дода шуд. Дар баробари ихтисосњои дорусозї, кори тиббї ташхисї ва электроникаи тиббї дар факултет ихтисоси кори табобатї кущода шуд.

Барои аз худ намудани фанњои тахассусї ва ѓайритахассусї донишљўёни ихтисосњои номбурда имкон доранд, ки аз 2 синфхонаи компютерї (муљљањаз бо 60 адад компютер),  2- синфхонаи лингофонї, 2- синфхонаи дорои тахтањои электронї, 3- синфхонаи дорои видеопроэктор, 4-озмоишгоњи замонавї самаранок истифода баранд. Донишљўёни ихтисосњои мазкур љињати ташкил ва гузаронидани таљрибањои таълимї аз фанњои ботаника ва фармакогнозия, омўзиш ва љамъоварии растанињои шифобахш ба пойгоњњои таълимию таљрибавии Донишгоњ, воќеъ дар  Такоб (н. Варзоб), Ромит (н. Вањдат)  сафарбар карда мешаванд. Њамчунин донишљўёни ихтисосњои кори тиббї ташхиї ва кори табобатї дарсњои амалии худро дар клиникањои “Мадади Акбар”, “Шифо”, “Госпитали њарбї” мегузаронанд.

Аз љониби устодони факултет барои дастрасии донишљўён бо адабиётњои тахасусї 18- китоби дарсї тањия ва тарљума шудааст.

Њамкорињои илмию таълимии факултети тиббию фарматсевтї на танњо бо марказњои илмии тиббии Љумњурии Тољикистон, балки  бо Донишгоњи миллии дорусозии Украина, Донишгоњи дўстии халкњои шањри Маскав ба номи Патриса  Лумумбо, Академияи дорусозии шањри Петегорск, Донишгоњи якуми давлатии тиббї ба номи Сеченов, Академияи фармасевтии шањри Петербург, Донишгоњи миллии тибби шањри Харков дар сатњи зарурї ба роњ монда шудааст.

Бо назардошти дар амал тадбиќ намудани ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон дар бораи “Њукумати электронї”, пурзур намудани њамкорињои факултет бо волидайни донишљўён, дастрасии донишљўён ба тамоми маълумотњо оид ба љараёни таълим ва шафофияти фаъолият садорати факултети тиббию фарматсевтии ДМТ, дар шабакаи љањонии интернет љой дод.

Тамоми донишљўён, падару модарон ва њамаи он нафаронеро, ки хоњиш ба фаъолияти садорати тиббию фарматсевтї шинос шудан ва  маълумотњои заруриро дастрас кардан доранд, ба сањифаи интернетии факултети тиббию фарматсевтї шодбош мегуем.

Декани факултети тиббии-фарматсевти
Саидов Н.Б.

Дар ин љо->: Асосї Главная Ифтитоњи сомонаи факултет

Стандартхои GMP